Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ: Тоҷикистон баҳри таъмини ҷараёни ислоҳот ба кӯмаки созмонҳои мададрасон ниёз дорад

            Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ бо намояндагони созмонҳои мададрасон вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки бинобар рӯз то рӯз тақвият ёфтани таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, аз ҷумла, Тоҷикистон низ, ин кишварҳо баҳри […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ бо намояндагони созмонҳои мададрасон вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки бинобар рӯз то рӯз тақвият ёфтани таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, аз ҷумла, Тоҷикистон низ, ин кишварҳо баҳри таъмини ҷараёни ислоҳот ба кӯмаки созмонҳои мададрасон ниёз доранд.





           

Ғ.Бобозода барномаи чорабиниҳои иловагии зиддибӯҳронии ҳукуматро шарҳ дода зикр кард, ки он аз шаш банд – таъмини устувории макроииқтисодӣ, таъмини уствории бахши воқеии иқтисод ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии бозори меҳнат, таъмини дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити муосид барои ҷалбти сармоягузорӣ ва таъмини иҷрои саривақтии тадбирҳои зиддибӯҳронӣ дар давраи кӯтоҳмуддат иборат аст.




           

Вазир афзуд, барномаи қабулшуда чизи шахшуда нест ва агар аз ҷониби созмонҳои мададрасон тағйироту илова ё тавсияе пешниҳод гардад, пас аз баррасӣ онҳо метавонанд қабул карда шаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.