Дар ноҳияи Фархор шаҳрванди Афғонистон бо 48 кило маводи мухаддир боздошт гардид

Date:



           

Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар наздикии марзи давлатии Афғонистону Тоҷикистон шаҳрванди кишвари ҳамсоя бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт гардид.





           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, дирӯз зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Қизил-Сӯи ноҳияи Фархор шаҳрванди Афғонистон Абдураззоқ валади Абдуғаффор дастгир шуд. «Ӯ бо худ халтае дошт, ки аз дохили он 48 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки дар семоҳаи авали соли ҷорӣ кормандони ВКД аз 254 амали муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 780 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...