Раиси ММ МО ҶТ сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хоҳиши сафири Бритониёи Кабир Тревор Чарлз Мур ӯро ба ҳузур пазируфт. Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар оғози сӯҳбат М.Убайдуллоев длипломатро бо таъин шуданаш ба мансаби сафирӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хоҳиши сафири Бритониёи Кабир Тревор Чарлз Мур ӯро ба ҳузур пазируфт.




Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар оғози сӯҳбат М.Убайдуллоев длипломатро бо таъин шуданаш ба мансаби сафирӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар бораи фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ маълумоти муфассал додааст. «М.Убайдуллоев таъкид сохтааст, ки дар шароити бӯҳрони молӣ ҳамкории пурсамари парлумонҳои ду кишвар дар кори ба ҳамдигар мувофиқсозии асноди ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобила натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард», – гуфт Ш.Саидов.



Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар навбати худ дипломати бритониёӣ зикр кардааст, ки «баҳри таҳкими муносиботи ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо ва бахусус ҳамкории байнипарлумонӣ кӯшиш ба харҷ дода, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.