Ба наздикӣ Тоҷикистон ҳиссаи худ дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА-ро ба сармояи оинномавии БРАО мегузаронад

            Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи худро ба сармояи оинномавии Бонки рушди АвруОсиё гузаронад.             Тавре аз вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур ба 500 ҳазор доллари ИМА баробар буда, он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пазируфта шудааст.             Дар […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи худро ба сармояи оинномавии Бонки рушди АвруОсиё гузаронад.





           

Тавре аз вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур ба 500 ҳазор доллари ИМА баробар буда, он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пазируфта шудааст.




           

Дар мавриди имзои Созишнома миёни ҳукумати ҶТ ва бонки мазкур дар бораи шартҳои фаъолияти бонк дар қаламрави ҶТ ва фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри кори пурсамари бонк, манбаъ гуфт, феълан ин масъала дар ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.




           

Ёдрас мекунем, ки 11-уми декабри соли 2008 Шӯрои БРАО дар ҷаласаи худ бобати ба узвияти бонк пазируфтани Тоҷикистон қарор қабул кард. Айни замон Русия, Қазоқистон ва Арманистон узви комилҳуқуқи бонк мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.