БРО татбиқи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистонро ба анҷом мерасонад

Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи оянда Бонки рушди Осиё татбиқи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистонро, ки баҳри беҳбуди сифати маълумоти ибтидоӣ ва миёна равона гардида буд, ба анҷом мерасонад. Чӣ тавре ки аз намояндагии БРО дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, баҳри татбиқи лоиҳа аз ҷониби бонк дар ҳаҷми 7,5 млн. […]

Виктория Наумова


Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи оянда Бонки рушди Осиё татбиқи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистонро, ки баҳри беҳбуди сифати маълумоти ибтидоӣ ва миёна равона гардида буд, ба анҷом мерасонад.




Чӣ тавре ки аз намояндагии БРО дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, баҳри татбиқи лоиҳа аз ҷониби бонк дар ҳаҷми 7,5 млн. $ қарз пешниҳод гардида, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ба беш аз 1,8 млн. $ баробар аст. «Лоиҳа дар панҷ ноҳия – Айниву Мастчоҳ дар вилояти Суғд, Роштақалъа дар ВМКБ, Кӯлоб дар вилояти Хатлон ва Рашт дар ноҳияҳои тобеи марказ амалӣ гардид», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон Макото Оҷиро рӯзи 5-уми май аз мактаби дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи бонк таъмиршудаи ноҳияи Рашт боздид намуда, аз иҷрои корҳо изҳори қаноатмандӣ кардааст. «Дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳа роҷеъ ба мавзӯъҳои идораи фаъолият дар соҳаи маориф, таҳияи низоми иттилоотӣ дар ин бахш, банақшагирии молиявии соҳа ва ғайра тренингу семинарҳо баргузор гардида, бинои 77 мактаб ва 4 шӯъбаи маорифи ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуданд», – изҳор дошт манбаъ.



Зикр гардид, ки ҳамчунин оид ба таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва физика барномаҳои нави таълимӣ таҳия шуда, дар мактабҳо 237 иттиҳодияи волидайну омӯзгорон таъсис дода шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.