Дар Тоҷикистон таҳти шиори «Ман дар хотир дораму ифтихормандам» аксияи «Лентаи Георгиевӣ» шурӯъ гардид

Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи таҷлили ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ таҳти шиори «Ман дар хотир дораму ифтихормандам» аксияи «Лентаи Георгиевӣ» шурӯъ гардид. Яке за ташаббусорони аксия, роҳбари гурӯҳи телевизионии пойгоҳи низомии Русия майор Рафаэл Усмонов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки чанде қабл тавассути ҳавопаймо ба […]

Виктория Наумова


Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи таҷлили ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ таҳти шиори «Ман дар хотир дораму ифтихормандам» аксияи «Лентаи Георгиевӣ» шурӯъ гардид.




Яке за ташаббусорони аксия, роҳбари гурӯҳи телевизионии пойгоҳи низомии Русия майор Рафаэл Усмонов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки чанде қабл тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон 2 ҳазор «лентаҳои георгиевӣ» оварда шуда, он дар муддати ду рӯз ба сокинони пойтахти Тоҷикистон тақсим карда мешавад.



Ёдрас мекунем, ки соли равон аз номи президенти Тоҷикистон ба собиқадорони ҷанг, ки қариб 2 ҳазор нафаранд, ба маблағи 350 сомонӣ ба ҳар кадоме кӯмак расонида мешавад. Раиси шаҳри Душанбе низ ба собиқадорони ҷанги пойтахт

 

ба ҳамин миқдор маблағ кӯмакпулӣ ҷудо кард. Иқдомоти мазкур аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони алоҳида низ дастгирӣ хоҳад ёфт.



Қобили зикр аст, ки дар ҶБВ 280 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон иштирок карда, аз ин миқдор ҳар чаҳорум нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд. 55 нафар тоҷикистониён ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.