Кӯлоб. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Мӯъминобод духтари 10-сола дар ҷараёни шадиди сел ғарқ гардида, ҷасади ӯ дар наздикии деҳаи Даҳнаи ноҳияи Кӯлоб пайдо карда шуд.
Додситони шаҳри Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Насрулло Маҳмудов дар сӯҳбат бо хбарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки он рӯзи шум хонанадаи синфи 3-и мактаби рақами 18-и ҷамоати Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод Моҳираи Ҷаббор ҳамроҳи падараш ба молчаронӣ машғул будааст. Сели омада ҳардуро ба коми худ фурӯ мекашад, вале ба падараш муяссар мешавад, ки худро наҷот диҳад. «Ҷасади духтарро бошад, ҷараёни сел даҳ километр поинтар бурдааст», – афзуд Н.Маҳмудов.






