Демократҳои тоҷик ташкили ҳукумати зиддибӯҳрониро пешниҳод месозанд

            Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҷиноҳи М.Искандаров) ба мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ пешниҳод месозад, ки дар шароити бӯҳрони молӣ асноди меъёрии қонунгузории зиддибӯҳронӣ таҳия сохта, ҳукумати зиддибӯҳронӣ ташкил намояд.             Чӣ тавре ки дар барномаи зиддибӯҳронии ҲДТ қайд карда мешавад, дар давраи бӯҳрон бояд як силсила қонунҳо дар бораи чораҳои зиддиӯҳронӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҷиноҳи М.Искандаров) ба мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ пешниҳод месозад, ки дар шароити бӯҳрони молӣ асноди меъёрии қонунгузории зиддибӯҳронӣ таҳия сохта, ҳукумати зиддибӯҳронӣ ташкил намояд.





           

Чӣ тавре ки дар барномаи зиддибӯҳронии ҲДТ қайд карда мешавад, дар давраи бӯҳрон бояд як силсила қонунҳо дар бораи чораҳои зиддиӯҳронӣ қабул карда шаванд, ки бояд аз қонунҳои қаблан ба тасвиб расида афзалият дошта бошанд. ҲДТ ба ҳукумати кишвар тавсия медиҳад, ки аз ҳисоби коршиносони салоҳиятдори соҳаи ҳуқуқшиносӣ гурӯҳи корие таъсис дода шавад, то ба қабули қонунҳои саҳеҳ мусоидат карда шуда, ин қонунҳо бояд ташкили ҳукумати зиддибӯҳрониро пешбинӣ кунанд. «Чунин ҳукумат бояд бо маслиҳату розигии ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва ҳамчунин аҳзоби сиёсӣ, ТҒД, иттифоқҳои касаба ва иттиходияву созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил гардад», – гуфта мешавад дар барномаи зиддибӯҳронии ҲДТ.




           

Дар барнома ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳукумати зиддибӯҳронӣ танҳо дар давраи бӯҳрон амал хоҳад кард ва ба он баҳри танзими иқтисод, воситаҳои молиявӣ, истифодаи фишангҳои иқтисодӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ва ғайра мебояд ваколатҳои фавқулоддаву махсус дод. «Ҳукумати зиддибӯҳронӣ ҳамчунин бояд шаффофияти иттилоот дар бораи вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро таъмин созад», – омадааст дар барномаи зиддибӯҳронии ҲДТ.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.