Шаҳрдории Душанбе дархости ҲНИТ дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуротро ба дастгирии мардуми Фаластин рад сохт

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе ба дархости Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуроти осоишта ба нишони эътироз аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза посухи рад додааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл ба дафтари ҳизби онҳо дар робита […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе ба дархости Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуроти осоишта ба нишони эътироз аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза посухи рад додааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл ба дафтари ҳизби онҳо дар робита ба ин мактубе аз ҳукумати шаҳри Душанбе бо имзои муовини аввали раиси шаҳр – Абдусаттор Сулаймонов ворид гардидааст. «Дар нома гуфта мешавад, ки ҳизби мо гӯё чанде аз муқаррароти қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоиштаро иҷро накардааст», – гуфт ӯ. Посухи шаҳрдории Душанбе феълан аз сӯи роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.



Ёдовар мешавем, 7-уми январ Ҳизби наҳзати исломӣ бо ирсоли номаи расмӣ аз шаҳрдории Душанбе хост, ки барои баргузории як тазоҳуроти осоишта ба ҷонибдории мардуми Фаластин иҷозат диҳанд. Бояд гуфт, Исроил инак 3 ҳафта мешавад, ки бо истифода аз техникаи ҷангӣ ва пиёданизом дар навори Ғазза амалиёти низомӣ мебарад. Тайи ин муддат зиёда аз ҳазор фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.