Дар Тоҷикистон талоқ ба воситаи СМС бекор карда мешавад

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Мардони тоҷик аз додани талоқ ба ҳамсаронашон таввасути СМС хабар маҳрум мешаванд. Раиси Кумитаи дини назди президенти кишвар Абдураҳим Холиқов андеша дорад, ки таввасути СМС – хабар талоқ додану аз ҳампошии оила амали ғайримантиқӣ, беақлона ва ноҷост, ки муқобили қавоини давлат ва шариат баромад мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бо […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Мардони тоҷик аз додани талоқ ба ҳамсаронашон таввасути СМС хабар маҳрум мешаванд.

Раиси Кумитаи дини назди президенти кишвар Абдураҳим Холиқов андеша дорад, ки таввасути СМС – хабар талоқ додану аз ҳампошии оила амали ғайримантиқӣ, беақлона ва ноҷост, ки муқобили қавоини давлат ва шариат баромад мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди Кумита масъалаи мазкур дар Шӯрои уламои Тоҷикистон баррасӣ гашт.

«Оила муқаддас шуморида мешавад ва онро таввасути телефон хароб кардан мумкин нест,- мегӯяд Холиқов.- Ман боварӣ дорам, ки Шӯрои улламо, ки мақомоти волои мусалмонони кишвар маҳсуб мегардад, дар ин масъала қарори дурусте мебарорад».

Ба гуфтаи сарвари Донишкадаи Исломии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров талоқ дар Шариат бадтарин ҳалол маҳсуб мегардад.

«Ман андеша дорам, ки зан-модар муқаддас аст ва эҳтироми хоссаро сазовор аст. Оилаҳо набояд вайрон шаванд, аммо агар воқеан дигар илоҷе набошад, мардон бояд бо назардошти қадру қиммати зан бо ӯ муносибат кунанд. Бояд ба таври лозима дар ҳузури зан қарори худро эълом кунанд», афзуд Умаралӣ Назаров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.