Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҷумҳурӣ соли равон фаъолияти ҳамаи шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олиии кишварро қатъ карданист. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2008 вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз шӯъбаҳои марбут ба фаъолияти омӯзгорӣ ва тахассусҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ мавҷуд аст, дигар ҳамаи шӯъбаҳои ғоибона баста мешаванд.
Дар соли хониши 2008-009 ба муассисаҳои таълими касбии олӣ 28 ҳазору 715 донишҷӯ қабул гардид, ки 5 ҳазору 876 нафари онҳо ба шӯъбаҳои ғоибона дохил шудаанд.


