Созмони ғайриҳукуматии Freedom House Тоҷикистонро боз кишвари «ноозод» арзёбӣ кард

            Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши навбатии созмони ғайриҳукуматии Freedom House ё созмони «Хонаи озодӣ» Тоҷикистон боз ҳам дар байни кишварҳои «ноозод» қарор гирифт.             Дар гузориш аз вазъи 193 кишвари ҷаҳон ва 16 қаламрави стратегӣ натиҷагирӣ карда шудааст.             Тибқи маълумоти гузориш, Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил аст, ки дар онҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши навбатии созмони ғайриҳукуматии Freedom House ё созмони «Хонаи озодӣ» Тоҷикистон боз ҳам дар байни кишварҳои «ноозод» қарор гирифт.





           

Дар гузориш аз вазъи 193 кишвари ҷаҳон ва 16 қаламрави стратегӣ натиҷагирӣ карда шудааст.




           

Тибқи маълумоти гузориш, Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил аст, ки дар онҳо нерӯҳои мухолиф, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умуми мустақил аз ҷониби ҳукумат бештар фишор эҳсос мекунанд.

 





           

Ба «рӯйхати сиёҳи» кишварҳо ва минтақаҳои «ноозод» ҳамчунин Русия, Чин, Чеченистон, Белорус ва Осетияи Ҷанубӣ низ шомил гаштаанд. Ба ақидаи коршиносони созмон, вазъи нигаронкунанда дар масъалаи таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бештар дар Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Ӯзбекистон, Судон, Мянма ва Сомалӣ ба мушоҳида расидааст.




           

Созмон 89 кишвари ҷаҳонро «озод» хондааст. Ба ин рӯйхат асосан кишварҳои Аврупои Ғарбиву Амрикои Шимолӣ ва ҳамчунин миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Украина ва мамолики соҳили Балтика шомил гаштаанд.




           

Ҳамин тариқ, дар гузориши созмон 42 кишвар – «ноозод», 89 давлат – «озод» ва 62 мамлакат – «қисман озод» арзёбӣ шуданд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.