Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзномаи «Деловая неделя» (Қазоқистон) иттилоъ медиҳад, ки соли ҷорӣ Амрико барои рушди демократия дар Тоҷикистон 27,5 млн. $ ҷудо мекунад.
Тибқи иттилои нашрия, дар ин самт Амрико ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар маҷмӯъ 2,2 млрд $ ихтисос медиҳад, ки қариб нисфи он – 1,05 млрд. $ барои Афғонистон пешбинӣ шудааст. Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон – 28,6, Қазоқистон – қариб 19, Туркманистон – 9,5 ва Ӯзбекистон – 8 млн. $ маблағҳо ҷудо карда мешаванд.
Дар иттилои нашрия гуфта мешавад, ки маблағи нисбатан камтар ҷудогардида ба Ӯзбекистону Туркманистонро намояндагони департаменти давлатии Амрико бо он маънидод мекунанд, ки фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Амрико дар ин кишварҳо ба мушкилот мувоҷеҳ аст ва ҳукуматҳои давлатҳои мазкур ба ҳама гуна кӯмаки Амрико бо шубҳа менигаранд.
Амрико ба кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ барои рушди демократия ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2009 ба миқдори зайл кӯмак ҷудо намудааст: ба Украина – 86,5, , Гурҷистон- 67, Русия – 56,3, Арманистон 28, Озарбойҷон 24,7, Молдова – 17 ва Белорус – 10 млн. $.


