Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5 млрд. сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад

Date:



           

Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,19 млрд. сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад.





           

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз барои ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ бо кишварҳои дигар 21 созишнома таҳия ва пешниҳод шудааст, ки минбаъд аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.




           

Ба иттилои манбаъ, соли 2008 тибқи маълумоти пешакӣ, маблағи сармоягузории мустақими хориҷӣ 3 млрд. 236 млн. сомониро ташкил додааст. «Мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи субъектҳои сабтшудаи соҳибкории хурду миёна дар соли 2008 ба беш аз 16,3 ҳазор баробар шуда, дар ин давра маблағи умумии фрӯши мол ва хизматрасонӣ 965,4 млн. сомониро ташкил додааст», – гуфт манбаъ аз кумитаи мазкур.




           

Ғайр аз ин, соли гузашта аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 24,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гаштааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2007 ба андозаи 923 ҳазор сомонӣ ё худ 104 дарсад бештар аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...