Холиқов: Амалисозии қонуни танзими расму оин ба сатҳи зиндагии мардум беҳбудӣ бахшид

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Қабул ва амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» собит сохт, ки он ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба таври назаррас мусоидат кард, – гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов. Ба қавли ӯ, қонуни мазкур […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Қабул ва амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» собит сохт, ки он ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба таври назаррас мусоидат кард, – гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов.

Ба қавли ӯ, қонуни мазкур ҳамчунин ба тарзи дурусти фарҳангӣ оростани маъракаҳо низ таъсири мусбат расонида, мардум мустақилона дарк намуд, ки он ба манфиату некӯаҳволии онҳост. «Амалисозии қонуни мазкур сол то сол ба сатҳи некӯаҳволии мардум беҳбуд бахшида, қабули он муҳиму саривақтӣ ва таҷрибаи мусбати андӯхта аз он барои аксари кишварҳои ҳамсоя метавонад намунаи хубе бошад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» моҳи июни соли 2007 ба тасвиб расида, тибқи маълумоти Кумитаи дини ҷумҳурӣ, дар ин муддат сокинони кишвар дар натиҷаи худдорӣ аз хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ҳудуди 6 млрд. сомонӣ (1,3 млрд. $)-ро барои пешбурди рӯзгори худ сарфа кардаанд. Ба ҳисоби миёна соли 2010 арзиши умумии баргузории як расму оини маъмулӣ дар Тоҷикистон 2 ҳазору 655 сомонӣ (ҳудуди 550 $)-ро ташкил додаст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.