Соли равон кишоварзони тоҷик истеҳсоли маҳсулоти ғалладонаро то 1 млн. тонна расониданианд

Date:





 



Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти хабарӣ сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли равон кишоварзони тоҷик истеҳсоли маҳсулоти ғалладонаро то 1 млн. тонна расониданианд.



Ба қавли ӯ, соли гузашта ҳаҷми таъмини аҳолӣ бо орди гандум 52,3 дарсадро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки соли 2007 ин нишондиҳанда ба 46 дарсад баробар буд.



Тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли гузашта аз маҳсулоти ғалладона 943 ҳазор тонна ҳосил гирифта шуд, ки 760 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. «Соли равон дар натиҷаи зиёд кардани майдони кишти зироати тирамоҳӣ дар заминҳои обӣ (170 ҳазор гектар) ва афзудани ҳаҷми кишти такрорӣ (160 ҳазор гектар) кишоварзон ният доранд, ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оранд», – гуфт манбаъ.



Ба гуфтаи Маҳмадиев, феълан дар ҷумҳурӣ талаботи аҳолӣ ба орд 1 млн. 260 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...