Мусодираи беш аз 6 тонна маводи мухаддир дар соли 2008

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки миқдори зиёди он – 3 тоннаву 381 килояш маводи мухаддири гурӯҳи афюн (1 тоннаву 636 кило ҳероин, 1 тоннаву 745 кило афюн ва 1 тоннаи дигар маводи ин гурӯҳ), 2 тоннаву 700 […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки миқдори зиёди он – 3 тоннаву 381 килояш маводи мухаддири гурӯҳи афюн (1 тоннаву 636 кило ҳероин, 1 тоннаву 745 кило афюн ва 1 тоннаи дигар маводи ин гурӯҳ), 2 тоннаву 700 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис буда, 173 килои онро прекурсорҳои истеҳсоли ҳероин ташкил медиҳанд.




Тавре аз Маркази таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2007 нисбатан камтар – 5 тоннаву 270 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.



Ба иттилои манбаъ, соли 2008 аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – 2 тоннаву 700 кило, Агентии назорати маводи нашъаовар – 1 тоннаву 316 кило, марзбонон –

 

1 тоннаву 133 кило, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 841 кило ва хадамоти гумруки ҷумҳурӣ – 91 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.