Чехия дар Тоҷикистон намоишгоҳи сайёр доир карданист

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимаи дуюми соли ҷорӣ Чехия дар Тоҷикистон намоишгоҳи сайёр доир карданист. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз зимни мулоқоти муовини раиси палата Асаналӣ Карамалиев бо сардори шӯъбаи масоили иқтисодии сафорати Чехия дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Петр Шада масъалаи мазкур ва дигар […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимаи дуюми соли ҷорӣ Чехия дар Тоҷикистон намоишгоҳи сайёр доир карданист.




Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз зимни мулоқоти муовини раиси палата Асаналӣ Карамалиев бо сардори шӯъбаи масоили иқтисодии сафорати Чехия дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Петр Шада масъалаи мазкур ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Ба иттилои манбаъ, Карамалиев ҷиҳати дастгирии баргузории намоишгоҳ омодагии ҷониби Тоҷикистонро изҳор намудааст. Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки роҳандозии ҳамкориҳо натанҳо дар соҳаи саноат, балки дар бахши сайёҳӣ низ имконпазир аст.



Ғайр аз ин ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки бо назардошти натиҷаҳои намоишгоҳи доиргашта дар солҳои 2004 ва 2007, корхонаҳои ҶС «Текстил», ҶС «Нафиса», корхонаи қаннодии «Ширин» ва комбинатҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, ки бо техникаи Чехия кор мекунанд, ба таҷдиди истеҳсолоти худ тавассути техникаи ин кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир сохтаанд.




 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.