Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри танзими нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт ба 20 нафар соҳибкороне, ки ба фурӯши гӯшт дар пойтахт машғуланд, аз ҳисоби буҷаи шаҳрдорӣ ба ҳар кадоме ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз ҷудо карда шуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад ба чуз соҳибкорон, ҳамчунин ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба маблағи 2 млн сомнӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бозорҳо ва савдои Душанбе» дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. «Маблағҳои мазкур баҳри танзими нархи гӯшт дар бозорхои пойтахт нигаронида шуда, тибқи пешбинии мақомоти шахрдорӣ миёнаи ҳафтаи равон нархи гӯшт дар шаҳри Душанбе пурра танзим хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки бо назардошти мониторинги нархгузорӣ дар бозорҳои пойтахт, ахири ҳафтаи гузашта раиси пойтахт тавсия дода буд, ки гӯшти гов бо қимати 23 сомонӣ ва ва гӯшти гӯсфанд бо қимати 24 сомонӣ фурӯхта шавад, вале арзиши он дар бозорҳои пойтахт мутаносибан 27-28 сомониро ташкил медод.