Хоҷагиҳои пахтакори мамлакат метавонанд танҳо 50-60 дар сади қарзҳои худро баргардонанд, – назари коршинос

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ақидаи сардори Раёсати таҳқиқоти мушкилоти рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии кишвар Саодат Соҳибназарова хоҷагиҳои пахтакори мамлакат метавонанд танҳо 50-60 дар сади қарзҳои худро баргардонанд. Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосӣ дар ҳосилнокии пасти пахта ва пурра иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии ҳосил дар соли 2008 ва ҳамчунин поён рафтани нархи […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ақидаи сардори Раёсати таҳқиқоти мушкилоти рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии кишвар Саодат Соҳибназарова хоҷагиҳои пахтакори мамлакат метавонанд танҳо 50-60 дар сади қарзҳои худро баргардонанд.




Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосӣ дар ҳосилнокии пасти пахта ва пурра иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии ҳосил дар соли 2008 ва ҳамчунин поён рафтани нархи тиллои сафед дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.



Ба гуфтаи хонум Соҳибназарова, ҳукумати ҷумҳуриро мебояд дар соли ҷорӣ роҳҳои нави маблағгузории бахши аграриро пайдо кунад, зеро гумон аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ бо чунин нишондиҳандаҳо дар мавсими ҷадид битавонанд барои идомаи корҳои кишоварзӣ аз институтҳои молиявӣ маблағи кофӣ ба даст биёранд.




 

Ба ақидаи коршинос, вазъи иқтисодии кишвар ва бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ талаби пурра баргардонидани маблағи қарзро доранд. Феълан, ба андешаи ӯ, таваҷҷӯҳ бояд танҳо ба парвариши пунба дода нашавад. «Бигузор деҳқонон худ интихоб кунанд, ки чиро парвариш кунанд», – гуфт ӯ.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.