Муддати як сол дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 1,5 ҳазор манзили зист бунёд мегардад

Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ сохтмони 149 иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шуда буд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов гуфт, аллакай 51 иншоотро комиссияи давлатӣ қабул кардааст. «Панҷ иншооти сохтамешуда барои бахши маориф, 8-то барои соҳаи тандурустӣ, […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ сохтмони 149 иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шуда буд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов гуфт, аллакай 51 иншоотро комиссияи давлатӣ қабул кардааст. «Панҷ иншооти сохтамешуда барои бахши маориф, 8-то барои соҳаи тандурустӣ, 19-то барои бахши хизматгузорӣ, 61-то барои соҳаи савдо пешбинӣ шуда,  9-тоаш таъиноти истеҳсолӣ, 2-то фарҳангӣ ва 3-то таъиноти варзишӣ доранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, сохтмони манзилҳои зисти инифродӣ натанҳо дар шаҳр, балки дар ноҳияи Кӯлоб низ дар авҷ аст. «Дар чаҳор ҷамоати ноҳия корҳои тадорукотиву техникии ҷудо кардани 138 гектар замин барои эҳтиёҷмандон ба анҷом расида, дар ин қитъаҳо 931 оила манзил бунёд хоҳанд кард ва тақсими қитъаи замин рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад», – иброз дошт вай.

Номбурда афзуд, дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб муддати як сол на камтар аз 1,5 ҳазор оилаҳо ба манзилҳои нав мекӯчанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.