Суғд: Мусобиқоти қаҳрамонии кӯҳнавардони ИДМ бидуни иштироки дастаи Тоҷикистон

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мусобиқоти I-уми қаҳрамонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба кӯҳнавардӣ оғоз гардид, ки дар он кӯҳнавардони Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Русия ва Белорус ширкат меварзанд. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯҳнавардон бояд […]

Акмал Маннонов

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мусобиқоти I-уми қаҳрамонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба кӯҳнавардӣ оғоз гардид, ки дар он кӯҳнавардони Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Русия ва Белорус ширкат меварзанд.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯҳнавардон бояд қуллаи Замин-Қарори воқеъ дар дар маҳаллаи аҳолинишини Марғебро фатҳ намоянд. «Ин мусобиқот то 31-уми июл идома ёфта, кӯҳнавардон хатсайрҳои дорои мушкилоти гуногун ва масофаҳои ҳархеларо тай хоҳанд кард, ки барои кӯҳнавардони кишварҳои узви ИДМ хеле ҷолиб аст», – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин мусобиқот барои кӯҳнавардони кишварҳои узви ИДМ ҷолиб бошад ҳам, ҳузур надоштани дастаи Тоҷикистон дар он боиси таассуф аст. «Федератсияи кӯҳнавардии Тоҷикистон муддати 20 сол аст, ки амал мекунад, вале наметавонад дастаи ҷумҳуриро дар сатхи зарурӣ омода созад, ҳол он ки барои иштирок даста аз рӯйи нишондиҳандаҳои муайян бояд марҳилаи интихобиро гузарад, яъне аз ӯҳдаи фатҳи хатсайрҳои на он қадр мушкил барояд», – иброз дошт вай.

Ба ақидаи Л.Файзуллоев, баргузории мусобиқоти мазкур дар чунин сатҳ дар кишвари мо ба таблиғоти варзиши кӯҳнавардӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт. «Умедворам, ки дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти соли оянда ширкат хоҳад варзид», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.