Барномаи консертии ҳунармандони тоҷик барои сарони кишварҳои узви ИДМ

Date:


Ҳунармандони тоҷик барои сарони кишвархои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд, барномаи конесертӣ омода месозанд

.

Дар консерти мазкур ҳунармандон ва дастаҳои эҷодии маъруфи Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва ҳамчунин дастаҳои ҳунарии вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ ширкат хоҳанд варзид.

Барномаи консертӣ шоми рӯзи 2-юми сентябр дар Кохи «Борбад» баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги кишвар Миралӣ Достиев хабар дод, дар барномаи консертии мазкур иштироки устодони санъати кишварҳои узви ИДМ пешбинӣ нашудааст.

«Ҳунармандони тоҷик суруду тарона ва рақсҳои тамоми миллатҳои кишварҳои узви иттиҳодро ба маъраз хоҳанд гузошт», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related