Аҳмадинажод аввали сентябр ба Тоҷикистон меояд

Чӣ тавре ки пешбинӣ шуда буд, рӯзҳои 4-5-уми сентябр соли равон сафари кории президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, қаблан дар доираи ин сафар иштироки президенти Эрон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 МВт, […]


Чӣ тавре ки пешбинӣ шуда буд, рӯзҳои 4-5-уми сентябр соли равон сафари кории президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, қаблан дар доираи ин сафар иштироки президенти Эрон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 МВт, ки лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон аст, дар назар буд. Аммо бинобар ҷой доштани як қатор мушкилот он ба таъхир гузошта шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби сафари сарвари давлати Эрон ба Тоҷикистон ҷонибҳо созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Айнӣ» дар рӯдхонаи Зарафшонро ба имзо мерасонанд.

«Иқтидори нерӯгоҳи «Айнӣ» 150 МВт-ро ташкил дода, он аз ҷониби муҳандисону коргарони эронӣ ва тоҷик бунёд хоҳад гардид», – гуфт сарчашма.

Аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ташриф меорад. Ахир моҳи сентябр ё аввалҳои моҳи октябр раиси парлумони Эрон Алӣ Лоринҷонӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.