Президенти Покистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.  Дар оғози сӯҳбат масъалаҳои марбут ба вазъияти минтақа ва ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон муҳокима шуданд.  Осиф Алӣ Зардорӣ аз густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии миёни ду кишвар дар заминаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид […]


Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.

 Дар оғози сӯҳбат масъалаҳои марбут ба вазъияти минтақа ва ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон муҳокима шуданд.

 Осиф Алӣ Зардорӣ аз густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии миёни ду кишвар дар заминаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид сохт, ки ҷониби Покистон ба инкишофи муносибатҳояш бо Тоҷикистон манфиатдор мебошад. Вай изҳор дошт, ки 2 сентябри соли ҷорӣ ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок намудан дар мулоқоти чоргонаи Роҳбарони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Россия сафар мекунад. Президенти Покистон, ҳамоиши чоргонаро фурсати хубе барои ҳаллу фасли масъалаҳои минтақавӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба номид.

 Сафири тоҷик ба ҳамсӯҳбати худ оид ба раванди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Покистон маълумот дода, изҳор дошт, ки вақтҳои охир ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон босуръат инкишоф меёбанд. З.Зубайдов зикр намуд, ки фаъолияти соҳибкорону тоҷирони покистонӣ дар Тоҷикистон васеъ шуда, теъдоди онҳо тадриҷан меафзояд.

 Дар анҷоми сӯҳбат Осиф Алӣ Зардорӣ иброз дошт, ки Покистон барои инкишофи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон манфиатдор буда, дар ин самт мунтазам кӯшиш менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.