Мулоқоти сарвари давлат бо директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрсола ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи босамари нақшаҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти беҳсозии […]


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрсола ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи босамари нақшаҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти беҳсозии идораи иқтисоди кишвар, сиёсати молиявӣ, соҳаи энергетика, пуштибонӣ аз соҳибкории хусусӣ ва ғайра зоҳир карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз соли равон ҳаҷми кӯмакҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 25% афзуд ва минбаъд ҳар сол барои дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар корҳо 60 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рафти корҳо барои асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва омӯзиши таъсири экологӣ – иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин доир ба ташкили бозори минтақавии фурӯши нерўи барқ сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.