Дилшод Назаров ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Кореяи Ҷанубӣ идома дорад, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба даври финалии мусобикот мазкур роҳхат гирифт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Влада Овчаренко (давидан ба масофаи 100 метр) дар байни 55 нафар варзишгар бо натиҷаи 12,24 сония мақоми 45-умро ишғол намуда, аз идомаи мусобиқот маҳрум гардид. Тавре ба […]


Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Кореяи Ҷанубӣ идома дорад, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба даври финалии мусобикот мазкур роҳхат гирифт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Влада Овчаренко (давидан ба масофаи 100 метр) дар байни 55 нафар варзишгар бо натиҷаи 12,24 сония мақоми 45-умро ишғол намуда, аз идомаи мусобиқот маҳрум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ Евгений Шумарин хабар дод, Дилшод Назаров дар қувваозмоиҳои пешакӣ бо натиҷаи 76,93 метр дар зергурӯҳи худ мақоми чорумро ишғол карда, ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Даври ниҳоии мусобиқот имрӯз, 29-уми август, доир мегардад.

Евгений Шумарин таъкид сохт, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ 1945 нафар варзишгарон аз 202 дастаҳои миллӣ иштирок дошта, он барои аксари онҳо мусобиқоти муҳиму ҳалкунанда шуморида мешавад, зеро аз рӯйи натиҷаҳои ин мусобиқот варзишгароне, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 иҷозатнома мегиранд, муайян карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.