Насби зеристгоҳи нави барқӣ барои сокинони осебдидаи Кӯлоб

Ширкати «Барқи тоҷик» барои сокинони шаҳри Кӯлоб, ки баҳори соли гузашта аз офати табиӣ осеб дида буданд, зеристгоҳи нави трансформаториро ба кор даровард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари корхонаи шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов хабар дод, иқтидори трансформатор 16 ҳазор кВА (киловолт-амперро) ташкил дода, он аз Қазоқистон оварда шудааст. «Ин зеристгоҳ бояд соли гузашта […]


Ширкати «Барқи тоҷик» барои сокинони шаҳри Кӯлоб, ки баҳори соли гузашта аз офати табиӣ осеб дида буданд, зеристгоҳи нави трансформаториро ба кор даровард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари корхонаи шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов хабар дод, иқтидори трансформатор 16 ҳазор кВА (киловолт-амперро) ташкил дода, он аз Қазоқистон оварда шудааст. «Ин зеристгоҳ бояд соли гузашта мавриди истифода қарор мегирифт, вале барои дастрас кардани он аз Қазоқистон муддате чанд зарур омад, ки интизорӣ кашем, зеро дар Тоҷикистон танҳо трансформаторҳои иқтидорашон то 1 ҳазор кВА истеҳсол мешавад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, иқтидори кунунии трансформатори зеристгоҳ барои сабук кардани кори зеристгоҳи ҳамсояи «Кӯлоб дар фасли зимистон, ки бар асари беҳад зиёд аз меъёр кор кардан зуд-зуд аз кор мебаромад, имкон фароҳам месозад.

Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов изҳор кард, ки рӯзи 9-уми сентябри соли равон дар рустои Сулдузии ноҳияи Балҷувон хатти интиқоли барқи дарозиаш 5,2 км ба низоми умумии энергетикӣ пайваста мешавад. «Ҳудуди 20 оилаи маҳаллаи аҳолинишини мазкур даҳҳо сол бидуни истифодаи нерӯи барқ зиндагӣ доштанд», – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки энергетикҳои минтақа сохтмони хатти нави интиқоли барқ дар канори шаҳри Кӯлобро низ маблағгузорӣ намуда, барои оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ҳафт адад манзили зист бунёд намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.