Афзоиши навбатии боҷи содиротии Русия ба маҳсулоти нафтӣ

Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли равон меъёри боҷи содиротии Русия ба бензин дар ҳаҷми 1,3% ё худ аз 394,4 то 399,7 $ барои як тонна зиёд карда мешавад. Дар қарори ҳукумати Русия гуфта мешавад, аз 1-уми сентябр меъёри боҷи содиротӣ ба дигар маҳсулоти нафтии ба истилоҳ сафед аз 293,6 то 297,5$ ва маҳсулоти сиёҳи нафтӣ […]


Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли равон меъёри боҷи содиротии Русия ба бензин дар ҳаҷми 1,3% ё худ аз 394,4 то 399,7 $ барои як тонна зиёд карда мешавад.

Дар қарори ҳукумати Русия гуфта мешавад, аз 1-уми сентябр меъёри боҷи содиротӣ ба дигар маҳсулоти нафтии ба истилоҳ сафед аз 293,6 то 297,5$ ва маҳсулоти сиёҳи нафтӣ аз 204,6 то ба 207,4 доллари ИМА боло бурда мешавад.

Ҳукумати Русия ҳар моҳ меъёрҳои боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро тасҳеҳ мекунад. Аввали моҳи майи соли равон болоравии бесобиқаи боҷи содиротии Русия ба маҳсулоти нафтӣ ба қайд гирифта шуд. Он замон меъёри боҷи содиротӣ ба бензин якбора ба андозаи 44% боло рафта буд. Сабаби ин амалро ҳукуматдорони Русия камбуди бензин дар бозори дохилии кишвар унвон карданд.

Дар ҳамин ҳол, бар асари ҷорӣ сохтани боҷи нави содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби Русия, аз моҳи майи соли гузашта то имрӯз нархи бензин дар Тоҷикистон ба андозаи 43% боло рафт.

Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе арзиши бензини навъи АИ-80 – 6, АИ-92 – 6,30, АИ-95 – 6,7 ва сӯзишвории дизелӣ 5,70-6 сомонӣ барои як литрро ташкил медиҳад.

ҶСК «Газпромнефт – Тоҷикистон» таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ маҳсуб меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.