Имзои созишнома миёни Тоҷикистону ИА оид ба татбиқи барномаи рушди инсонӣ

Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  Созишномаи молиявиро оиди Барномаи дастгирии рушди инсонӣ (БДРИ) ба имзо расониданд, ки 3 бахшро дарбар мегирад: тандурустӣ, хифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатӣ. Буҷети ҷудокардашуда ба бахшҳои номбаршуда 26 миллион евроро ташкил медиҳад. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии Барномаи дастгирии рушди инсонӣ – […]

Asia-Plus


Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  Созишномаи молиявиро оиди Барномаи дастгирии рушди инсонӣ (БДРИ) ба имзо расониданд, ки 3 бахшро дарбар мегирад: тандурустӣ, хифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатӣ. Буҷети ҷудокардашуда ба бахшҳои номбаршуда 26 миллион евроро ташкил медиҳад.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии Барномаи дастгирии рушди инсонӣ – ин кӯмак расонидан ба беҳтаршавии вазъияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан барои табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд мебошад.

Барнома барои ба даст овардани муваффаққиятҳои зерин ёрӣ мерасонад: а) пешравии ислоҳот дар соҳаи хизматрасоние, ки зарурияташ устуворкунии ёрии аввали тибби-санитарӣ, беҳтаршавии идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ; б) заминаи самараноки дар сиёсати нафақа ва маъмурияти нафақа; в) баланд бардоштани самаранокии хароҷотҳои давлатӣ дар бахшҳои зикршуда ба воситаи идоракунии молиявии беҳтаркардашуда, тобеият ва шаффофият; г) шарикии сохторҳои хусусӣ ва давлатӣ бо иштироки фаъолонаи ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ дар хизматрасонӣ дар соҳаи ёрии иҷтимоӣ.

БДРИ дар оянда, хамчунин, баробарҳуқуқии гендериро дар кишвар дастгирӣ карда, нақшаи амалиётро дар баробарҳуқуқии зану мард дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва тандурустӣ пеш мебарад.   Ёрӣ расонидан ба тараққиёти ҳуқуқи инсон дар хизматрасонии баробар дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, хусусан барои табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ифода меёбад. Идоракунии давлатии мувофиқ на танҳо ба ин барнома дохил карда мешавад, балки қисми муҳими ин барнома ба ҳисоб меравад; ин дар натиҷаҳои Идоракунии молияи давлатӣ (ИМД) ифода ёфтааст.

Барнома дар се самт амалӣ карда мешавад:

а)      Дастгирии буҷетӣ (18 миллион евро);

б)      Ёрии техникӣ барои дастгирии амалигардонии ислоҳот (5.5 миллион евро);

в)      Грантҳо барои ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ (2.2 миллион евро).

Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ кардани Барномаи дастгирии рушди инсонӣ дар муддати 3 соли баамалбарорӣ масъул мебошанд.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.