Дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ кард.
Дар кори ҷаласа намояндагони нерӯҳои марзбонии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат меварзанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсатинерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии масоили ҳамкории ҷонибҳо дар ташкили назорати марз, пешгирии раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ миёни кишварҳо, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳимот ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳӣ иштирокдорони ҷаласа дар назар аст.
Пагоҳ иштирокчиёни ҷаласа ният доранд, ки аз гузаргоҳи марзии «Панҷи Поён» дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боздид намуда, бо фаъолияти сарҳадбонони тоҷик аз наздик ошно гарданд.