Пагоҳ, 27-уми октябр, маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маросими мазкур аз иштироки ноиби президенти Афғонистон Муҳаммад Қосим Фаҳим, нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва вазири энергетикаву таъминоти оби Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон интизорӣ меравад.
Қаблан аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки таҳти сарварии муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов намояндагони ширкат ба Афғонистон сафар намуда, бо вазъи техникии қитъаи хатти интиқоли барқи воқеъ дар қаламрави Афғонистон шинос шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, дар мавсими тирамоҳ танҳо бо мақсади санҷиш тавассути ин хат аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 3-4 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи манбаъ, дар сурати камбуди барқ дар ҷумҳурӣ, интиқоли ҳамин миқдори ночиз низ қатъ мегардад.
Интиқоли ҳаҷми пурраи барқ тавассути ин хат ба Афғонистон ахири баҳори соли оянда шурӯъ мегардад, аммо дар бораи миқдори ҳаҷм бо такя ба он, ки дар Афғонистон ҳанӯз шабакаҳои дохилӣ барои таъмини аҳолӣ бо барқ омода нестанд, дар вазорат чизе намегӯянд.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи гуфтушуниди қаблан мувофиқашуда миёни энергетикҳои тоҷику афғон, интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ бояд моҳи августи соли равон оғоз мегардид, аммо қисмати хат дар қаламрави Афғонистон дар ин вақт пурра омода набуд.
Ҳамчунин мувофиқи маълумоти як қатор ВАО, ӯзбекон низ ба ин кор монеъа эҷод сохта, изҳор карданд, ки агар тавассути хатти Сангтӯда-Пули Хумрӣ интиқоли нерӯи барқ оғоз гардад, Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ хоҳад кард. Аз ин рӯ, Афғонистон кафолати интиқоли нерӯи барқ муддати тамоми солро талаб кардааст, ки ба ин Тоҷикистон розӣ нашудааст, зеро дар фасли зимистон ба камбуди шадиди барқ дучор мешавад.
Имрӯз пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетика ва таъминоти оби Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон дар робита ба масъалаи содироти нерӯи барқи тоҷик ба Афғонистон изҳор кард, ки аз ҷониби Ӯзбекистон дар ин хусус ҳеҷ вокуниши манфие сурат нагирифтааст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, арзиши як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон 3,5 сентро ташкил хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон арзиши як киловатт нерӯи барқи Ӯзбекистон ба Афғонистон ба 7,5 сент баробар аст.
Масофаи хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар қаламрави Тоҷикистон 118 ва дар қаламрави Афғонистон 163 километрро ташкил медиҳад.
Пешбинӣ мегардад, ки мавриди истифода қарор гирифтани хатти мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистон ба Афғонистон то 300 мегаватт нерӯи барқи зиёдатиро интиқол диҳад. Ба Афғонистон нерӯи барқи истеҳсоли нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» интиқол дода хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», феълан нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои нерӯи барқи худ қимати баланд – ҳудуди 2,5 сент пешниҳод мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши барқ дар Тоҷикистон барои 1 кВт/соат аз 1,8 сент боло нарафтааст. Дар робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки иқтидорҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои содирот истифода хоҳанд шуд ва нерӯи барқ бо қимати аз 3,1 то 3,5 сент фурӯхта мешавад.