Эрон ба Тоҷикистон беш аз 300 адад вагони қатора иҷора медиҳад

            Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик Эрон ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз 300 адад вагони қатора иҷора медиҳад.             Тавре аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, моҳи гузашта зимни имзои Ёддошт тафоҳум миёни вазоратҳои дахлдори кишварҳо, ширкати роҳи оҳани Эрон ҷиҳати ҷудо кардани […]

Пайрав Чоршанбиев




           

Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик Эрон ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз 300 адад вагони қатора иҷора медиҳад.







           

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, моҳи гузашта зимни имзои Ёддошт тафоҳум миёни вазоратҳои дахлдори кишварҳо, ширкати роҳи оҳани Эрон ҷиҳати ҷудо кардани 350 вагон тариқи иҷора ба Тоҷикистон омодагии худро изҳор намудааст. «Масъалаи ворид сохтани вагонҳо ба қаламрави ҷумҳурӣ бо Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ мувофиқа карда шудааст», – гуфт манбаъ.






           

Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли оянда баргузории Шӯрои ҳамоҳангсози лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Чин дар назар аст. «Дар Шӯро инчунин баррасии масъалаи пайвастани ин роҳи оҳан бо шабакаи роҳи оҳани Чин тавассути Қирғизистон низ пешбинӣ гардидааст», – изҳор дошт сарчашма.






           

Манбаъ афзуд, ки ҷиҳати омӯзиши мутахассисони бахши роҳи оҳани тоҷик дар Эрон миёни давлатҳо тавофуқ ҳосил шудааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.