Аҳолии ҷануби кишвар оқибатҳои офатро бартараф месозад

Аҳолии деҳаи Чашмаиҷӯшони ноҳияи Мӯъминобод аз даъвати ба таври дастаҷамъона бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ истиқбол намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати хоҷагии оби ноҳияи мазкур Сайфиддин Бозоров хабар дод. Ӯ зикр кард, ки боришоти пай дар пайи борон рӯзҳои 17-18-уми ноябр 16 манзили зист, то 500 метр роҳи автомобилгарди деҳаро қисман […]

Турко Дикаев


Аҳолии деҳаи Чашмаиҷӯшони ноҳияи Мӯъминобод аз даъвати ба таври дастаҷамъона бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ истиқбол намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати хоҷагии оби ноҳияи мазкур Сайфиддин Бозоров хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки боришоти пай дар пайи борон рӯзҳои 17-18-уми ноябр 16 манзили зист, то 500 метр роҳи автомобилгарди деҳаро қисман хароб карда, зерсохтори деҳот низ аз он хисороти гуногун бардошт.

Ба гуфтаи номбурда, аз ҷараёни шадиди сел сарбанди об тоб наовардааст. «Имрӯз барқарор кардани то 80 метри сарбанд ва анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунии рӯдхонаи Лангар зарур аст», – гуфт вай.

С.Бозоров афзуд, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии ҷумҳурӣ ва ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод кӯмаки молиявӣ расонида, КВД «Муҳофизат аз сели Тоҷикистон» 5 адад техникаи махсус ҷудо кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.