Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Вохӯрии ҳамоҳангсозони лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама» семинари минтақавӣ баргузор мешавад, ки дар он масъалаи таҳияи гузориши миёнамӯҳлати лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама» мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, семинари мазкур бо ташаббуси Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Алмаато дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама» доир мегардад.
Ба иттилои сарчашма, дар кори семинари минтақавӣ кормандони Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва намояндагони Дафтари кластерии ЮНЕСКО ширкат хоҳанд варзид.



