Дар Душанбе масоили идора ва истифодаи захоири обии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва филиали он дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Муколамаи байнисоҳавӣ оид ба идораи захоири обӣ» семинар баргузор мешавад, ки дар кори он кормандони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони созмонҳои илмиву ғайриҳукуматӣ ва коршиносони бахши иқтисоду экологияи Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва филиали он дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Муколамаи байнисоҳавӣ оид ба идораи захоири обӣ» семинар баргузор мешавад, ки дар кори он кормандони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони созмонҳои илмиву ғайриҳукуматӣ ва коршиносони бахши иқтисоду экологияи Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.




Ба гуфтаи созмондиҳндагони семинар, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур – ташаккули гурӯҳи кории миллӣ оид ба санҷиши имконот ва беҳбуди идораи рӯдхонаҳои фаромарзӣ, муайян кардани минтақаҳои озмоишӣ ва таҳияи консепсияи лоиҳаҳо аст.



Тавре директори филиали марказ дар Тоҷикистон Малика Бобоҷонова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинар дар вазъи мушкили таъминоти минтақа бо об

 

баргузор мешавад, ки ин мушкилотро натанҳо кишварҳои поёноб, балки кишварҳои болооб низ эҳсос менамоянд. «Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи оқилонаи сарчашмаҳои фаромарзии захираҳои оби минтақа имрӯз бояд дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукумати кишварҳои минтақа қарор дошта бошад», – гуфт ӯ.



Ба иттилои манбаъ,аз рӯи натиҷаҳои кори семинар ҷонибҳо ният доранд, якчанд минтақаи озмоиширо барои татбиқи лоиҳаҳои идора ва истифодаи захираҳои обии минтақа муайян созанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.