Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 30 ноябри соли 2008 сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» 632 030 585 сомониро ташкил медиҳад. Сохтори соҳавии қарзҳои ҷойгиркардашуда аз рӯи низоми бонк ба таври зайл аст:
Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 78,99%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 16,76%; корхонаҳои давлатӣ – 0,49% ва шахсони воқеӣ – 3,76%
Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 52,13%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 17,59%; корхонаҳои давлатӣ – 30,12% ва шахсони воқеӣ – 0,16%. Ёдрас мекунем, ки дар оғози сол сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ба 520 млн. сомонӣ баробар буд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.



