Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмедов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Қазоқистон ба густаришу тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон дар ҳама самтҳо омода аст. «Аммо ба бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна афзалият дода мешавад ва мо феълан аз ҳукумати Тоҷикистон интизори пешниҳоди қобили қабул ҳастем», – гуфт ӯ.
Сафир ёдовар шуд, ки фонди муштараки кишварҳо ба маблағи $100 млн. маҳз бо мақсади сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва он аз 1-уми январи соли 2009 ба фаъолият шурӯъ мекунад. «Ба ҷуз татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, инчунин ба рушди бахши кишоварзӣ низ сармоягузорӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Дар шарҳи мавзӯи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дипломати қазоқ зикр кард, ки кишвараш барои иштирок дар консорсиюми байнулмилалӣ омода аст, вале айни замон изҳор дошт, ки «мо хоҳони онем, ки бидуни назардошти манфиати касе ҳама чиз бояд шаффоф бошад».
Перомуни масъалаи муҳоҷирони тоҷик М.Аҳмедов чунин изҳори назар кард, ки Қазоқистон ба иштироки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сохтмони лоиҳаҳои бузурги кишвараш, аз ҷумла дар бунёди лӯлаҳои интиқоли газ ва роҳҳои мошингард манфиатдор аст.



