Сафири Қазоқистон: Аз оғози соли нав фонди муштараки сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмедов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Қазоқистон ба густаришу тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон дар ҳама самтҳо омода аст. «Аммо ба бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна афзалият дода мешавад ва мо феълан аз ҳукумати Тоҷикистон интизори пешниҳоди қобили қабул ҳастем», […]

Виктория Наумова


Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмедов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Қазоқистон ба густаришу тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон дар ҳама самтҳо омода аст. «Аммо ба бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна афзалият дода мешавад ва мо феълан аз ҳукумати Тоҷикистон интизори пешниҳоди қобили қабул ҳастем», – гуфт ӯ.




Сафир ёдовар шуд, ки фонди муштараки кишварҳо ба маблағи $100 млн. маҳз бо мақсади сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва он аз 1-уми январи соли 2009 ба фаъолият шурӯъ мекунад. «Ба ҷуз татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, инчунин ба рушди бахши кишоварзӣ низ сармоягузорӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Дар шарҳи мавзӯи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дипломати қазоқ зикр кард, ки кишвараш барои иштирок дар консорсиюми байнулмилалӣ омода аст, вале айни замон изҳор дошт, ки «мо хоҳони онем, ки бидуни назардошти манфиати касе ҳама чиз бояд шаффоф бошад».



Перомуни масъалаи муҳоҷирони тоҷик М.Аҳмедов чунин изҳори назар кард, ки Қазоқистон ба иштироки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сохтмони лоиҳаҳои бузурги кишвараш, аз ҷумла дар бунёди лӯлаҳои интиқоли газ ва роҳҳои мошингард манфиатдор аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.