Роҳбари агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ рейтинги ҷаҳонии нишондиҳандаҳои мизони коррупсияро зери шубҳа мегузорад

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия директори Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода рейтингҳои ҷаҳонии нишондиҳандаҳои мизони коррупсияро, ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои фасодзатарин ҷой додаанд, зери шубҳа гузошт. Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир вазъ дар ин самт «хеле» беҳтар шудааст ва иродаи сиёсии […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия директори Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода рейтингҳои ҷаҳонии нишондиҳандаҳои мизони коррупсияро, ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои фасодзатарин ҷой додаанд, зери шубҳа гузошт.




Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир вазъ дар ин самт «хеле» беҳтар шудааст ва иродаи сиёсии мустақим зоҳир сохтани мақомоти раҳбарии давлат ва таъсиси Агентии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳоянд.



Ш.Салимзода зикр кард, ки соли равон аз ҷониби кормандони агентӣ 962 тафтишу санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа қонуншиканиҳо ба маблағи умумии 89,6 млн. сомонӣ ошкор гаштаанд. «Дар ин давра 1 ҳазору 145 нафар шахсони мансабдор ва масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб гардида, 58 нафари онҳо аз мансаб сабукдӯш шуданд», – гуфт ӯ.



Намояндаи Барномаи рушди СММ Растислав Врбенски чунин изҳори ақида кард, ки маҳз коррупсия адолатро поймол сохта, ба ахлоқи маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад. Дар идома ӯ зикр кард, ки ин падидаи номатлуб пояҳои демократияро заъиф сохта, рушди иқтисоди мамлакатро бозмедорад. «Дар мавриди кӯшишу талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳаминро гуфтаниям, ки дар як шаб мӯъҷиза рух намедиҳад, вале омодагии мақомоти раҳбарии Тоҷикистон ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар ин самт баръало намоён аст», – афзуд намояндаи СММ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.