Имсол арчаи солинавии пойтахт чун анъана дар майдони «Дӯстӣ» қомат хоҳад афрохт

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол арчаи солинавии пойтахт чун анъана дар майдони «Дӯстӣ» қомат хоҳад афрохт.             Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр – Шавкат Саидов хабар дод, соли равон чун солҳои қабл дар ин майдон шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ баргузор намешаванд ва ин ба татбиқи муқаррароти қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол арчаи солинавии пойтахт чун анъана дар майдони «Дӯстӣ» қомат хоҳад афрохт.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр – Шавкат Саидов хабар дод, соли равон чун солҳои қабл дар ин майдон шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ баргузор намешаванд ва ин ба татбиқи муқаррароти қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» марбут аст.



Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе – Маҳмадсаид Убайдуллоев, соли ҷорӣ гузаронидани шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт дар асоси муқаррароти қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» манъ карда шудааст. Аз ин ба баъд дар майдони марказии шаҳр танҳо чорабиниҳои давлатӣ гузаронида мешаванд.



«Дар майдони «Дӯстӣ» танҳо гузаштҳои низомӣ ва намоишҳои идона бахшида ба идҳои давлатӣ, инчунин чорабиниҳо ба ифтихори ташрифи ҳайатҳои баландмақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон доир мегарданд», – афзуд сарчашма.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.