Бинои Почтаи марказӣ ва «Кохи Ҷомӣ» кӯчонида мешаванд

Мутобиқи озмуни эълоннамудаи Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ оид ба беҳбуди симои маркази пойтахти Тоҷикистон, кӯчонидани бинои ҳозираи Почтаи марказӣ ва толори кинову консерти «Кохи Ҷомӣ», студияи телевизиони «Сафина» ва бинои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз Агентии мазкур хабар дод, аз озмун моҳи марти […]

Аваз Юлдошев


Мутобиқи озмуни эълоннамудаи Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ оид ба беҳбуди симои маркази пойтахти Тоҷикистон, кӯчонидани бинои ҳозираи Почтаи марказӣ ва толори кинову консерти «Кохи Ҷомӣ», студияи телевизиони «Сафина» ва бинои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз Агентии мазкур хабар дод, аз озмун моҳи марти соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз натиҷагирӣ карда мешавад.

«Мувофиқи шартҳои озмун, дар ҷойи бинои Почтаи марказӣ сохтмони бинои нави Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, дар ҷойи бинои «Кохи Ҷомӣ» сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ҷойи бинои телевизиони «Сафина» бунёди бинои маъмурии Кумитаи телевизиону радио ва дар макони бинои Вазорати кишоварзӣ сохтмони бинои нави вазорати мазкур пешбинӣ шудааст», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба озмуни мазкур танҳо як дархости лоиҳавӣ пешниҳод гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.