Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ барқияи табрикотӣ ирсол кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давллат хабар доданд, дар барқияи табрикотӣ аз ҷумла гуфта мешавад:
«Интихоби Шумо ба ин мансаби воломақом гувоҳи дастгирии васеи сиёсати роҳандозишуда баҳри рушди кишвар ва некӯаҳволии мардуми бародари Туркманистон аст», – зикр мегардад дар барқия.
Дар барқия изҳори боварӣ карда шудааст, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мавҷуда миёни кишварҳо натанҳо манфиатҳои ҳарду ҷонибро ҳимоя мекунанд, балки омили муҳими таъмини субот дар минтақа маҳсуб меёбанд.



