Аз хурӯҷи сарбозони шӯравӣ аз Афғонистон 23 сол пур мешавад

Аз 12 то 15-уми феврал дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои бузурги кишвар бахшида ба 23-юмин солгарди хурӯҷи нерӯҳои мусалллаҳи шӯравӣ аз Афғонистон як силсила чорабиниҳо доир мегарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Иттифоқи интернатсионалистони ҶТ Шавкат Мирзоев хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта дар бинои Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе чорабиниҳои идонаи хайрия доир гаштанд, ки дар […]

Акмал Маннонов


Аз 12 то 15-уми феврал дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои бузурги кишвар бахшида ба 23-юмин солгарди хурӯҷи нерӯҳои мусалллаҳи шӯравӣ аз Афғонистон як силсила чорабиниҳо доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Иттифоқи интернатсионалистони ҶТ Шавкат Мирзоев хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта дар бинои Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе чорабиниҳои идонаи хайрия доир гаштанд, ки дар он сарбозони интернатсионалист аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Дар толори филармония аксҳову баннерҳо дар бораи фаъолияти Иттифоқи интернатсионалистони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинӣ хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ВКД, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, курсантҳо, сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, донишҷӯёну муҳассилини макотиб ва модарону хешовандони сарбозони интернатсионалист иштирок карданд. Чорабиниҳои ба ин монанд дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко баргузор мешавад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.