Машварати кории назди президенти ҷумҳурӣ

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти зимистонгузаронӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ машварати корӣ доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар оғози машварат доир ба ин ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ ахбори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул шунида […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти зимистонгузаронӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар оғози машварат доир ба ин ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ ахбори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар таъминот бо нерўи барқ, тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 Таъкид гардид, ки омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ бояд ҳамаҷониба вусъат дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.