Суғд: Қотилон ҷазои сазовор гирифтанд

Се нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи корманди нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур судя Абдуфайёз Абдуҷабборов хабар дод, чанде қабл дар суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба се нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки миёнашон фармоишгари ҷиноят – як зан […]

Мавлуда Рафиева


Се нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи корманди нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур судя Абдуфайёз Абдуҷабборов хабар дод, чанде қабл дар суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба се нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки миёнашон фармоишгари ҷиноят – як зан низ ҳузур дошт, ба анҷом расид.

Суд Гулбаҳор Давлатоваи 33-сола, модари панҷ фарзанди ноболиғро ба муддати 24 сол, Рустам Солеҳови 22-соларо ба муҳлати 28 сол  ва Рашид Абдураҳмонови 22-соларо ба муддати 27 сол маҳкум кард.

Ба гуфтаи судя, моҳи июли соли гузашта дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ шахсони номаълум ба кормандони нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ Ҳалим Ҷумъаеви 26-сола ва Мирзошариф Ашӯрови 23-сола дарафтода, бо якчанд зарбаи корд онҳоро захмӣ месозанд. М.Ашӯров аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамроҳи ӯ зинда мемонад.

Ҳарду ҷинояткор – Рустам Солеҳов ва Рашид Абдураҳмонов баъди якчанд рӯз боздошт шуданд. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шудааст, ки онҳо иҷрокунандаи фармоиши Г.Давлатова будаанд. Барои куштор ӯ ба онҳо 3 ҳазор доллари ИМА маблағ ва макони будубоши доимӣ дар Русияро ваъда кардааст. Мақсади ба ҷиноят даст задани Г.Давлатова ситонидани қасос аз падари яке аз кормандони нуқтаи фурӯш будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.