Таъини сафири нави Озарбойҷон дар Тоҷикистон

Аббосалӣ Карим оғлу Ҳасанов сафири нави Озарбойҷон дар Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин хусус фармони дахлдори  президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, Ҳасанов дипломати касбӣ буда, аз соли 1999 то соли 2009 дар як вақт ба ҳайси сарвари намояндагии дипломатии Озарбойҷон […]

Аваз Юлдошев


Аббосалӣ Карим оғлу Ҳасанов сафири нави Озарбойҷон дар Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин хусус фармони дахлдори  президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, Ҳасанов дипломати касбӣ буда, аз соли 1999 то соли 2009 дар як вақт ба ҳайси сарвари намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Эрон ва намояндаи доимӣ дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ифои вазифа намудааст. Аз соли 2009 то таъинот ба вазифаи нав дар Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ҳамчун сафир оид ба корҳои махсус фаъолият дошт.

Қаблан мансаби сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистонро Магерам Алиев бар дӯш дошт. Моҳи майи соли гузашта бинобар сабаби анҷоми кори дипломатӣ ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта шуда буд. Дипломати озарбойҷонӣ ба сарвари давлати Тоҷикистон ордени «Ҳилоли аҳмар ва ситораҳо» (Полумесяца и звезды)-ро супурда буд. Кумитаи байнулмилалии мубориза бо терроризм, нашъамандӣ ва ҷиноятҳои экологӣ –  «INTERSAFETY»  муассиси орден аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.