Дар мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо масъулони Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки имрӯз, 14 – уми феврал баргузор гардид, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммаадато Султонов хабар дод, Амиршо Миралиев зимни сӯҳбат бо роҳбари барномаҳои аврупоии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Евгений Парфенов, роҳбари намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон Эрик Мишел Селйе ва Дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ҷиҳати тақвияти муносибот байни кишвари мо ва ин идораҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фароҳам аст.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кард, ки дар ин замина парлумони мамлакати мо низ барои рушди ин равобит фазои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Аз сӯи дигар ҳарду ҷониб ҳам алоқаманди густариши ҳамкорӣ миёни якдигар ҳастанд, ки чунин алоқамандӣ метавонад, заминаро барои тақвияти муносиботи дутарафа бештар фароҳам орад. Таъкид шуд, ки мулоқоту вохӯриҳои мақомоти олирутбаи Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар мақомоти дахлдори мамлакати мо бо намояндагону масъулони Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, бахусус Котиби генералии ФБҶСС ва ҲА ҷаноби Бекеле Гелета, сардори шӯъбаи аврупоии ФБҶСС ва ҲА хонум Аннита Ундерлин, роҳбари намояндагии ФБҶСС ва ҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрик Мишел Селлер нишонаи эътирофи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҷумҳурии мо мебошанд.
Амиршо Миралиев дар идомаи сӯҳбати худ изҳор дошт, ки тавре мо медонем, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳои имдодрасони байналмилалӣ тайи солҳои фаъолияти худ барномаҳои гуногунро дар қаламрави кишвар мавриди амал қарор додааст.
“Боиси тазаккур аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро чун ҳамеша шарикони боэътимоди ӯ, аз қабили Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналхалқии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳамкорон аз Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои гуногун, Иттиҳоди Аврупо ва тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, чӣ дар сатҳи вазоратҳо ва чӣ дар сатҳи маҳаллҳо бараъло дастгирӣ мекунанд” – гуфт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон. Зикр шуд, ки нашри моҳномаи муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, ки мунтазам ба ниҳодҳои марбутаи кишвари мо дастрас мешавад, барои ошноии мардум бо фаъолиятҳои гуногунсоҳаи ин созмонҳои ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад.
Амиршо Миралиев соли 2012 – ро соли истифодаи имконоти нав бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки тақвияти ин равобит омили асосии ҷиҳати амалисозии барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мӯҳтоҷон нигаронида шудааст, ба шумор хоҳад рафт.
Роҳбари барномаҳои аврупоии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Евгений Парфенов сатҳи ҳамкории Федератсияи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъкунанда арзёбӣ намуда, ҳамзамон ба истифодаи имконоти мавҷуд ҷиҳати таҳким додани ин равобит таъкид кард.
Мавсуф аз шароите, ки барои фаъолияти Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам аст, ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ин Федератсия мақсад дорад имсол ва солҳои минбаъда низ фаъолиятҳои худро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷоннок намояд. Аз ҷумла мо ният дорем фаъолиятамонро дар самтҳои- пешгири аз офатҳои таббии, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон пурзур намоем.
Ҳарду ҷониб аз натиҷаҳои мулоқот ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо омили асосии густариш пайдо кардани ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба шумор меравад.



