Тоҷикистон моҳи январ ҳаҷми содироти барқро афзуд

Моҳи январи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 23 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 54,6% бештар аст. Моҳи январ нерӯи барқ ба кишвар ворид нашудааст. Дар ҳамин ҳол, моҳи январ […]

Виктория Наумова


Моҳи январи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 23 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 54,6% бештар аст. Моҳи январ нерӯи барқ ба кишвар ворид нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи январ дар Тоҷикистон беш аз 1,57 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки зиёда аз 1,55 млрд. кВт/соат ба нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ ва боқимонда ба марказҳои гарму барқдиҳӣ рост меоянд.

Бино ба маълумоти манбаъ, айни замон шумори нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар ҷумҳурӣ 179 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 127-тоаш амал мекунанд.

Маълумоти оморӣ гувоҳи онанд, ки моҳи январи соли равон ба кишвар дар ҳаҷми 14,9 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст, ки маблағи умумиаш 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин миқдор нисбат ба моҳи январи соли 2011 ба андозаи 1,3 млн. метри мукааб ё худ 1,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.