Хадамоти муҳоҷирати Суғд 16 нафарро ба Русия фиристод

Боиси хурсандист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни вилояти Суғд ва вилояту кишварҳои Федератсияи Русия сол то сол тақвият меёбад. Дар доираи онҳо бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии вилоят яке аз самтҳои асосии мақомоти дахлдор, аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Боиси хурсандист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни вилояти Суғд ва вилояту кишварҳои Федератсияи Русия сол то сол тақвият меёбад.

Дар доираи онҳо бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии вилоят яке аз самтҳои асосии мақомоти дахлдор, аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.

Айни замон Раёсат бо чандин ширкатҳои кордиҳандаи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ баста, дар асоси онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодани шаҳрвандони вилояти Суғдро бо воситаи субъектҳои хоҷагидор ба роҳ монда истодааст.

 Чунончи, санаи 1 феврали соли равон 16 нафар муҳоҷирон ба шаҳри Кострома гусел карда шуданд, ки аз рӯи ихтисос ронанда, дӯзанда, сохтмончӣ мебошанд. Гусели муҳоҷирон аз ҷониби ҶДММ «Нақлиёт» амалӣ гардид.

Пеш аз гусел Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифова, Директори ҶДММ «Нақлиёт» М. Саидов ва сарвари ташкилоти ғайридавлатии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» А. Олимов бевосита бо муҳоҷирони меҳнатӣ сӯҳбат ороста, оид ба вазифаҳои Раёсат, ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон, қоидаҳои будубош дар хориҷа ва роҳҳои ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маълумоти муфассал доданд.

Бояд гуфт, ки барои муҳоҷирони дар асоси шартнома фиристодашаванда як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, онҳо барои фаъолият иҷозати расмӣ гирифта, бо ҷои хоб, либоси корӣ, хӯроки гарм ва маоши хуб дар ҳаҷми ба ҳисоби миёна 20 ҳазор рубли русӣ таъмин карда мешаванд. Ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби кордиҳандагон ҳимоя карда мешавад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.